Раисӣ дар дидор бо раиси Маҷлиси Туркманистон: Равобити Эрон ва Туркманистон ба суръат дар ҳоли густариш аст
(last modified 2022-06-29T11:43:59+00:00 )
Июн 29, 2022 16:43 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар дидор бо раиси Маҷлиси Туркманистон: Равобити Эрон ва Туркманистон ба суръат дар ҳоли густариш аст
    Раисӣ дар дидор бо раиси Маҷлиси Туркманистон: Равобити Эрон ва Туркманистон ба суръат дар ҳоли густариш аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори раиси Маҷлиси Тукрманистон таъкид кард: Равобити Эрон ва Туркманистон бар пояи ҳамкориҳои густарда ва эътимоди мутақобил ба суръат дар ҳоли густариш аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба манзури ширкат дар шашумин иҷолси сарони кишварҳои соҳилии Хазар ба Туркманистон сафар карда аст имрӯз дар аввалин бахши аз барномаҳои худ бо Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раиси Маҷлиси Туркманистон дидор кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброиҳими Раисӣ дар ин дидор бо ишора ба фаро расидани сиюмин солгарди барқарории дипломотики байни ду кившар гуфт: Равобити Теҳрон ва Ашқобод дар солҳои гузашта ҳамвора раванди ру ба густариш дошта аст.

Раисӣ бо баёни ин ки ду кишвар зарфиятҳои муносиби барои иртиқои сатҳи ҳамкори бо якдигар доранд, афзуд: Давлати сездаҳум дар арсаи сиёсати хориҷӣ барномаи махсуси барои тавсеаи равобити ҳамсоягӣ дорад ва равобити Эрон ва Туркманистон дар ҳамин росто бар пояи ҳамкориҳои густарда ва бар асоси эътимоди мутақобил бар суръат дар ҳоли густариш аст.

Раиси Маҷлиси Туркманистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз талошҳои давлати Эрон дар чанд моҳи гузашта барои таҳким ва густариши равобити бо ин кишвар, гуфт: Ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ аз иштирокот ва зарфиятҳои фаровонӣ бархурдоранд, ки заминаи муносиберо барои афзоиш ва иртиқои ҳарчи бештари сатҳи равобит фароҳам карда аст.

Раиси Маҷлиси Туркманистон хотирнишон кард: Туркманистон ба дунболи боз намудани саифаи ҷадид дар равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

 

Барчасп