Раиси Ҷумҳӯри Эрон: Ҳифзи ҳувияти эронӣ барои эрониёнӣ хориҷ аз кишвар амри бисёр муҳиме аст
(last modified Thu, 16 Mar 2023 08:20:39 GMT )
Март 16, 2023 13:20 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳӯри Эрон: Ҳифзи ҳувияти эронӣ барои эрониёнӣ хориҷ аз кишвар амри бисёр муҳиме аст
    Раиси Ҷумҳӯри Эрон: Ҳифзи ҳувияти эронӣ барои эрониёнӣ хориҷ аз кишвар амри бисёр муҳиме аст

Раиси Ҷумҳӯр дар нишасти наврӯзии эрониёни хориҷ аз кившар дар Теҳрон таъкид бар ин, ки давлат дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар дорои таклифе аст, гуфт нигоҳи мо ба эрониёни хориҷ аз кишвар ба унвони як шаҳрванди эронӣ аст.

Ба гузорши Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар нишасти наврӯзии эрониёни хориҷ аз кившар, ҳифзии ҳувияти эрониро барои эрониёнӣ хориҷ аз кишвар дар ҳамаи арсаҳо ва наслҳо бисёр муҳим унвон кард ва афзӯд: Набояд ба баҳонаи шуғл ё таҳсил робитаи эрониёни хориҷ аз кишвар бо ватанашон қатъ шавад.

Раисӣ муқобила бо зулм ва истебдод, дифоъи ҷонона аз Ватан ва исоргарӣ ва муҷоҳидат дар кам кардани шари шайтанатҳои мустакбирон аз сари минтақаро аз ҷумлаи ифтихороти бузурги миллати Эрон унвон кард ва гуфт: Ҷавонони ин сарзамин бо табдили таҳрим ва таҳдид ба фурсат, дастовардҳои чашмгире дар ҳавзаҳои илм ва фанноварӣ, санъат ва текнулужи рақам заданд.

Раиси Ҷумҳӯр зимни даъват  аз эрониёнӣ хориҷ аз кишвар барои боздид аз поркҳои илму фанноварӣ ва ошноӣ бо дастовардҳои камназири донишмандон ва мутухасисони эронӣ, бар тасҳили бозгашти эрониёнӣ хориҷ аз кишвар ба Ватан таъкид кард.

Раисӣ ҳамчунин ба Вазорати умури хориҷаи маъмурият дод то гурӯҳҳои вижа барои расидагӣ ба масоили ҳуқуқӣ ва консулии эрониёни хориҷ аз кишвар эҷод ва заминасозии  лозим барои сармоягузории эрониёни хориҷ аз кишварро фароҳам кунад.

Раиси Ҷумҳӯр дар идома  бо таъкид бар ин, ки ояндаи бисёр рушан ва пурфурӯғ дар муқобили миллати Эрон қарор дорад. Алифбои яъс ва ноумедиро роҳбӯрди душман барои мутавақиф кардани миллати Эрон тавсиа кард: Давлат худро муаззаф медонад бо кори ҷиҳоди, умедро дар ҷомеъа тақвият кунад.