Амирабдуллоҳиён: Муваффақиятҳое дар арсаи дипломасӣ ҳосил шудааст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, дар ҳошияи маросими ҷашни дипломатии Наврӯз таъкид кард, муваффақиятҳое дар арсаи дипломасӣ ҳосил шудааст.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи маросими ҷашни дипломатии Наврӯз гуфт, соли ҷадидро дар шароите оғоз мекунем, ки муваффақиятҳое дар арсаи дипломасӣ ҳосил шудааст.Вай афзуд, барномае, ки баргузор шуд бо ҳузури сафирони хориҷӣ дар Эрон ҳадафи аслияш муаррифии ҳарчӣ беҳтари одобу фарҳанги миллии сарзамини азизамон Эрон буд.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин гуфт, дар ин чаҳорчӯб осори зиёдеро дар ЮНЕСКО ба сабт расонадем.
Вазири умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард, он қадр ин осор бузург асту зарфиятҳо азим ҳаст, ки солҳо ҷо дорад кор кунем ва ин фарҳанг ва ин осорро ба ҷаҳон муаррифӣ кунем.