Таъкиди Раисӣ бар эҷоди шароити муносиб барои хадамотрасонии мутмаин ба ҳуҷоҷ
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар эҷоди шароити муносиб барои хадамотрасонии мутмаин ба ҳуҷоҷ таъкид кард.
Раиси ҷумҳур бо таъкид бар тамҳиди муқадимоти баҳрабардори барои зоирони хонаи Худо аз маънавият ва баракоти эъмоли ҳаҷ, дастгоҳҳои иҷрокунанда ва дастандаркори умури ҳаҷро мувазаф кард бо тақсими дурусти вазоиф ва доштани назм дар амал ва рафтор шароити муносиби барои хидматрасонии мутмаин ва оромбахш ба ҳуҷоҷ фароҳам кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар ҷаласаи шурои олии ҳаҷ ва зиёрат бо ишора ба аҳамият ва ҷойгоҳи ойини илоҳӣ ва коркардҳо ва таъсироти маънавӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсии он бар уммати бузурги исломӣ гуфт: Ҳамаи дастандаркорон ва дастгоҳои марбути ба баргузории ойини ҳаҷ бо ҳамафзоӣ ва инсиҷом дар хадамотрасони ба зоирони хонаи Худо ба вазифаи худ амал кунанд.
Раиси ҷумҳур бо муҳим донистани нақши шурои олии ҳаҷ дар пешбурди умури ин фарзияи муҳими илоҳи аз ин шуро хост бо тарсими нақшаи роҳ ва созмондиҳии имконот аз ҳамаи зарфиятҳо барои баргузории бо шукуҳи ойини ҳаҷ шомили интиқол ва хадамотрасони истифода кунанд.