Табрики Наврӯзии раисиҷумҳӯр ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
Март 22, 2023 16:51 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳӯри Эрон шомгоҳи сешанбе дар тамоси телефонӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ зимни табрики Соли нав, аз ҳимоятҳо ва ҳидоятҳои Ишон қадрдонӣ карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳӯрии Исломии Эрон бо қадрдонӣ аз ҳидоятҳо ва ҳимоятҳои Раҳбари муаззами иниқлоби исломӣ аз давлат, таъкид кард: Давлат дар соли ҷадид бо ҳамаи тавон, беҳбуди иқтисод ва маъишати мардум ва таҳақуқи шиъори солро дунбол хоҳад кард.
Дар ин тамоси телефонӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ барои давлат дар хидмат ба мардум дуъо ва орзӯи тавфиқ карданд.