Дархости Барномаи ҷаҳонии ғизо барои ирсоли кумакҳои фаврӣ ба Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i100252-Дархости_Барномаи_ҷаҳонии_ғизо_барои_ирсоли_кумакҳои_фаврӣ_ба_Афғонистон
Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милал хостори ироаи кумакҳои фаврӣ ба Афғонистон шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 28, 2023 17:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости кумаки Барномаи ҷаҳонии ғизо ба Афғонистон
    Дархости кумаки Барномаи ҷаҳонии ғизо ба Афғонистон

Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милал хостори ироаи кумакҳои фаврӣ ба Афғонистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садои афғон”, мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ ҳушдор дод, дар сурати адами ихтисоси буҷет 9 миллион нафар дар Афғонистон аз дарёфти кумакҳои хӯрокӣ маҳрум мешаванд.

Девид Бейсли, мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ имрӯз - сешанбе дар твитте навишт, миллионҳо тан дар Афғонистон бо фақру гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.