Апрел 06, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Узбекистон-мизбони се нишасти бузурги минтақаӣ

Шаҳри Самарқанди Узбекистон дар моҳи ҷорӣ мизбони се нишасти бузурги минтақаӣ аст.

Рӯзи 13 апрел нишасти вузарои умӯри хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад. Раисони вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи Эрон, Узбекистонин, Покистон, Тоҷикистон,Туркманистон ва Русия авзоъи кунунии Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Форс, рӯзҳои 13 ва 14 апрел дар шаҳри Самарқанд се маросими бузурги байналмиллалии шомили нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, нишасти вузарои хориҷаи ИДМ ва шашумин нишасти вузарои умӯри хориҷаи кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия баргузор мешавад.
 

 

Барчасп