Апрел 13, 2023 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳалли муноқишаи 30 сола миёни Қирғизистону Узбекистон

Созмонҳои нафту гази Узбекистону Қирғизистони бозсозии махзани гази Сухи шимолӣ, воқеъ дар минтақаи узбекистонии Сух дар қаламрави Қирғизистонро оғоз карданд .

Махзани гази " Сухи шимолӣ " дар соли 1976 ба баҳрабардорӣ расид . Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ аз он истифода нашуд ва мавзӯи муноқишаи байни ду кишвари Қирғизистону Узбекистон буд, тақрибан тамоми анборҳо дар қаламрави тарафи қирғиз ва компрессорҳо дар хоки Узбекистон қарор дорад . Ҳаҷми махзан ҳудӯди 3 миллиард метри мукааб аст .

Ба гузориши хабаргузории Форс, созмонҳои нафту гази Узбекистону Қирғизистон бозсозии махзани гази " Сухи шимолӣ " воқеъ дар минтақаи узбекистонии Сух дар қаламрави Қирғизистонро оғоз карданд.
Дар моҳи феврал дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев-раиси Ҷумҳурии Узбекистон ба Бишкек вазоратхонаҳои энержии ду кишвар нақшаи роҳи омодасозӣ пружаи махзани гази Сухи шимолӣ барои истифодаи муштаракро имзо карданд.

Пас аз он Узбекистон як гуруҳи корӣ ташкил дод, ки дар 10 апрел аз минтақаи Қадамҷой боздид кард, то масоилро дар чорчуби « таҳқиқ дар мавриди пружаи бозсозии махзани зеризаминии газ » баррасӣ кунад . Мутахассисони муассисаи тарроҳии ширкати «Zneftegaz » ва « UzLITIneftegaz » баррасии аввалияи чоҳҳои газро анҷом доданд ва шароити марҷаъро барои мутолиаи майдонии худ таҳия карданд .
 

 

Барчасп