Таъкиди коршиносони қирғиз бар лузӯми ваҳдати мусалмонон барои озодсозии Қудс
Коршиносони қирғиз дар мизи гирде дар Бишкек бо мавзӯи " Қудс " бар лузӯми ваҳдати бештари мусалмонон ба унвони танҳо калиди озодсозии Қудси шариф таъкид карданд .
Ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) як сол пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ, охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони " рӯзи Қудс " номгузорӣ карданд . Аз он таърих то кунун мусулмонону тамомии озодихоҳони ҷаҳон дар ҳимоят аз ормонҳои миллати мазлуми Фаластин ва бо ҳадафи озодии аввалин қиблаи мусулмонони ҷаҳон аз чанги режими саҳюнистӣ тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ баргузор мекунанд .
Ҳамчунин коршиносон ва андешамнадони мусулмон дар кишварҳои мухталиф низ бо барпоии гирдиҳамоиҳои мухталиф бо маҳкум кардани ҷиноёти саҳюнистҳо бар аҳамияти Қудси шариф таъкид мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс,гирдиҳамоии " Рӯзи Қудс ; паёмадҳо барои саҳюнистҳо пас аз ҳамла ба масҷиди Алақсо " бо ҳузури иддае аз андешмандон, коршиносони сиёсӣ ва намояндагони расонаҳои Қирғизистон баргузор шуд.
Турсунбой Боқируғлу-намояндаи собиқи порлумони Қирғизистон дар ин гирдиҳамоӣ гуфт: Фаластин омили иттиҳоди ҳамаи мусулмонони ҷаҳон аст ва ранҷи мардуми Фаластин, ранҷи ҳамаи мардуми мусулмон аст .
Намояндаи собиқи порлумони Қирғизистон бо маҳкӯм кардани ҳамалоти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён дар масҷиди Алақсо бар таъмини ҳаққи мардуми Фаластин таъкид кард .
Муҳаммадбек Мирзобоев-мудири Муассисаи мутолиъоти исломии Қирғизистон ҳам дар ин маросим гуфт:Мусулмонон бояд бо иттиҳод дар баробари иқдомоти режими саҳюнистӣ истодагӣ кунанд . Мирзобоев афзуд: бояд дръмл аз мазлӯмияти мардуми Фаластин ҳимоят кунем .
Алина Молдокиева-коршиноси улӯми сиёсӣ ва устоди риштаи шарқшиносии Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон низ дар ин гирдиҳамоӣ бар иттиҳоди кишварҳои арабӣ ва соири мусулмонони ҷаҳон дар бораи мавзӯи Фаластин таъкид кард .
Бештар бихонед :