Сафари нахуствазири Қазоқистон ба Теҳрон
(last modified Wed, 19 Apr 2023 14:22:52 GMT )
Апрел 19, 2023 19:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Остона ва Теҳрон
    Ҳамкории Остона ва Теҳрон

Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон ба даъвати Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар садри ҳайате 26 апрел (6 урдибиҳишт) ба Теҳрон сафар мекунад.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабарнигори хабаргузории «Форс» дар Остона, сафари Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон ба Теҳрон ба манзури густариши равобити иқтисодиву тиҷорӣ ва таҳарруки бештар дар равобити ду кишвар анҷом хоҳад шуд.

Ин мақоми қазоқистонӣ дар ҷараёни сафари худ ба Теҳрон, бо шуморе аз мақомоти аршади Ҷумҳурии исломии Эрон дидору ройзанӣ мекунад.

Шоёни зикр аст, ҳаҷми тиҷорати ду кишвар дар 10 моҳи ибтидои соли 2022 муодили 450 миллион доллар буда ва дар ин муддат содироти Эрон бо 26.5 дарсад рушд ба 167 миллион доллар ва воридот аз Қазоқистон бо 15 дарсад рушд ба 283 миллион доллар расидааст.