Густариши ҳамкориҳои Қирғизистон ва Арабистони Саъудӣ
Дар дидори раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ва мудири сандуқи рушди Арабистони Саъудӣ дар бораи чашмандози тарҳҳои муштарак ва ҳамчунин рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ва мудири сандуқи рушди Арабистони Саъудӣ дар дидори бо якдигар қарордоди ба арзиши 130 миллион доллар барои бозсозии бузургроҳҳо ва ҳамчунин таъмини молии маскан дар Қирғизистон имзо карданд.
Садир Ҷаборов раиси Ҷумҳурии Қирғизистон имруз ҳамчунин аз сафар ба Арабистони Саъдуӣ дар ояндаи наздик хабар дод.
Агарчи равобити Арабистон ва Қирғизистон дар давраи ҳамкориҳои ду кишвар бо фарозунишеби зиёди ҳамроҳ буд, аммо ин равобит дар солиҳои ахир густариш дошта ёфта аст.