Апрел 29, 2023 17:05 Asia/Dushanbe
  • СПАД дорои нерӯи ҳавоӣ мешавад

Раиси Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) дар маросиме дар Тоҷикистон ба муносибати бистумин солгарди ташкили ин ниҳоди низомии минтақаӣ, эълом кард, эҷоди нерӯи ҳавоӣ барои ин созмон дар дасти баррасӣ аст.

СПАД як эътилофи низомӣ дар Авруосиё аст, ки шаш кишвари Арманистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он ҳузур доранд. Ин ниҳоди низомӣ дар майи 1992 бо унвони «Паймони Амнияти Ҷамъӣ» таъсис шуд ва дар октябри 2002 ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тағйир ёфт.

Ба гузориши ИРНА, Ази Плюс, рӯзи шанбе навишт: Анатолий Сидоров, раиси Ситоди муштараки СПАД дар ин маросим дар Душанбе гуфт, пешниҳодҳое аз сӯи кишварҳои узв барои ташкили нерӯи ҳавоӣ ба унвони бахше аз неруҳои низомии СПАД дода шуда, ки дар ҳоли баррасӣ аст.

Анатолий Сидоров афзуд, дар айни ҳол барои итминон аз "посухи кофӣ ва муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои модерн, кор барои эҷоди аносури ҷадид дар таркиби неруҳо дар ҳоли анҷом аст."

 

Барчасп