Апрел 30, 2023 12:03 Asia/Dushanbe
  • Музокироти марзии ҳайатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон
    Музокироти марзии ҳайатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон

Ҳайатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон мушкилоти ноҳияҳои марзиро барраси карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник бар асоси эъломи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар музокирот тарафайн дар мавриди таъини нуқтаи пайвасти марзи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон табодули назар карданд, тарафайн тавофуқ карданд, ки нишасти баъди дар Тоҷикистон баргузор шавад.

Пеш аз ин Ориф Хоҷазода, раиси кумитаи давлатии омоиши сарзаминии Тоҷикистон гуфта буд, ки 1319 километр аз 1326 километ марзи бо Узбакистон ба таври комил мушахас шуда аст. Ба гуфтаи вай ноҳияҳои марзие, ки ҳамчунон номушахас аст бештар бахшҳои марзи муштараки Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон аст.

Пас аз руи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон ва сафари расмии вай ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобити ду кишвар беҳбуд ёфт ва дар мавзуъи таъини марзҳо низ пешрафтҳои ҳосил шуда аст.    

Барчасп