Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Узбакистон ва Чин
-
Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Узбакистон ва Чин
Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Чин дар соли 2022 бо 20 дарсад аз рақами 8 миллиарду 920 миллион доллар фаротар рафт.
Чин бузургтарин шарики иқтисоди ва бозаргонии Узбакистон аст дар ҳоли ҳозир беш аз 700 ширкат бо сармояи сармоягузорони чинӣ дар Узбакистон дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ фаъолият мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар остонаи аввалин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Шиён нишасти бо мавзуъи фарояндҳои рушди дохили ва чашмандози широкати роҳбурди байни Узбакистон ва Чин бо ҳузури Владимир Норов мудири муассисаи байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Динг Шиёуксин мудири муассисаи мутолеъоти авруосиёи академи равобити байналмилалии муъосири Чин ва коршиносони ин ду муассиса баргузор шуд.
Дар ин нишаст роҳҳои густариши беш аз пеши равобити Пекан ва Тошканд барраси шуд.
Владимир Норов масули муассисаи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар нишасти фарояндҳои рушди дохили ва чашмандози широкати роҳбурдии байни Узбакистон ва Чин аз азми мақомоти ду кишвар барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба дар заминаҳои мухталиф ба вижа мубодилоти тиҷорӣ хабар дод.