Май 04, 2023 08:50 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳӯрии Узбекистон ва Туркия
    Гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳӯрии Узбекистон ва Туркия

Руасои ҷумҳӯрии Узбекистон ва Туркия телефони дар мавриди иҷрои сареъи тарҳҳои сармоягузории авлавиятдори муштарак гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисиҷумҳӯрии Туркия ва Шавкат Мирзиёев раисиҷумҳӯри Узбекистон имрӯз чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бар аҳамияти иҷрои сареъи тарҳҳои сармоягузории авлавиятдори муштарак дар ин кишвар таъкид карданд.

Дар ин гуфтугӯи телефонии сарони дукишвар роҳҳои таъмиқи беш аз пеши равобити ҳамаҷонибаи шарокити роҳбӯрди ва пешбурди тарҳҳои авлавият дар ҳамкориҳои мутақобили амалиро низ баррасӣ карданд.

Раисиҷумҳӯри Туркия баргузории муваффақиятомези ҳампурсии ислоҳи қонуни асоси дар саросари кишваро самимона табрик гуфт.

Тарафайн ҳамчунин бар аҳамияти сармоягузориҳои  муҳим тавассути ширкатҳои Тукрия дар Узбекистон тибқи тасмимгириҳои қаблӣ таъкид карданд.

Барчасп