Май 04, 2023 11:33 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ба озодии комили расонаҳо мутаъҳид ҳастем
    Толибон: Ба озодии комили расонаҳо мутаъҳид ҳастем

Қоим мақомҳои Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар маросими гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот дар Кобул, бар озодии матбуъот дар чорчӯби арзишҳои исломӣ ва миллӣ таъкид карданд.

Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибони Афғонистон дар маросиме,. ки дар маркази иттилоот ва расонаҳои ин ҳукумат дар Кобул баргузор шуд, аз Рӯзи ҷаҳонии озоди матбуъот таҷлил кард.

Дар ин маросим, ки намояндагони ниҳодҳои мухталиф, расонаҳо ва хабарнигорони Афғонистон низ ҳузӯр доштанд, Мавлавӣ Атиқуллоҳи Азизӣ, муовини фараҳнги Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон гуфт: Ин ҳукумат ба озодии комили матбуъот дар чорчӯби арзишҳои исломӣ ва миллӣ мутаъҳид аст.

Азизӣ афзӯд, ки масъулони  Вазорату фарҳанг ба манзури ҳалли мушкилоти расонаҳо, пайваста бо намояндагони расонаҳо дидор мекунанд. Вай афзӯд:Вазорати иттилооту фарҳанг талош мекунад то доманаи фаъолияти расонаҳоро густариш диҳад.

Вай гуфт: Дар ҳоли ҳозир 373 расона дар кишвар фаъол ҳастанд, ахиран 20 расона, ки қаблан фаъолияти худро мутавақиф карда буданд дубора фаъолияти худро аз сар гирфтанд.

Ҳуҷаттулоҳ Муҷаддадӣ, раиси Иттиҳодияи рузноманигорони озоди Афғонистон ҳам дар ин нишаст гуфт: Дар натиҷаи ҳамоҳангии хуб ва кори муштарак бо Вазорати иттилоот ва фарҳанг, бисёре аз мушкилоти расонаҳо дар дастрасӣ ба иттилоот ҳал шудааст.

 

Барчасп