Интиқоди ЮНЕСКО аз амалкарди Толибон дар қиболи занони афғон
(last modified Mon, 08 May 2023 04:49:56 GMT )
Май 08, 2023 09:49 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди ЮНЕСКО аз амалкарди Толибон дар қиболи занони афғон
    Интиқоди ЮНЕСКО аз амалкарди Толибон дар қиболи занони афғон

Садуқи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО), аз Тлоибон ба далели нақзи ҳуқуқи занон ва духтарон дар Афғонистон интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории Шафақна, Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дирӯз якшанбе дар гузорише тасреҳ кард, Толибон бо тасмимоти маҳдӯдкунандаи худ умеду руёҳои беш аз як миллион духтарро бар бод дода ва ҳуқуқи занон ва духтаронро нақз кардааст.

ЮНЕСКО бо ишора ба ин, ки ба далели тасмимоти Толибон, беш аз як миллион духтар аз рафтан ба мактабҳо дар мақтаъи мутавасита ва дабиристон манъ шудаанд ва аз идомаи кори занони имдодгар ҷилавригӣ шуда афзӯд, Толибон талошҳои башардӯстонаро ба шиддат бо мушкил мувоҷеҳ кардааст.

ЮНЕСКО хотирнишон кард, дастурҳои маҳдудкунандаи Толибон дар моҳи марти соли ҷорӣ, бар занон ва духтарон таъсири номатлубе гузошта ва занонро бештар аз ҳар вақти дигар дар маърази хушунат ва сӯъистифода қарор додааст.

Мудири иҷроии ЮНЕСКО, тасмими Толибонро ғайри муваҷаҳ ва кутоҳбинона хонд ва аз ин гурӯҳ хост лағви фаврии мамнӯъияти таҳсилу кори занонро анҷом диҳад.