Май 09, 2023 19:54 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Узбакистон ва Тоҷикистон барои истифода аз фурудгоҳҳои якдигар дар шароити изтирори
    Тавофуқи Узбакистон ва Тоҷикистон барои истифода аз фурудгоҳҳои якдигар дар шароити изтирори

Сенати Узбакистон дар чиҳилумин иҷлоси худ санади қарордоди Узбакистон ва Тоҷикистон дар хусуси ҳамкори дар заминаи истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ду кишвар дар шароити изтирориро тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон маҷлиси сенати Узбакистон дар чиҳилумин иҷлоси худ санади қарордоди Узбакистон ва Тоҷикистон дар хусуси ҳамкои дар заминаи истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ду кишвар тавасути ҳавопймоҳо дар шарои изтирориро ба тасвиб расонд.

Намояндагони сенат таъкид карданд ҳадафи аслии ин қарордод таъини як низоми воҳид барои ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи истифода аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ду кишвар тавассути ҳавопаймоҳои мусофири дар шароити зарури аст.

Бар асоси ин санад муқарар шуда аст, ки тарафайн ҳақ доранд дар сурати бавуҷуд омадани шароити зарури барои убури кутоҳмудат аз ҳарими ҳавоӣ кишвари мизбон дархости муҷавиз кунанд тасвиби ин санад барои таъмини амнияти парвозҳо кумак мекунад.

Намояндагони сенат унвон карданд, ки тасвиби ин қарордод тадовуми мантиқии ҳамкориҳои созанда ва судманд байни ду кишвар хоҳад буд, ки албата барои таъмини амнияти минтақа ва ҳамчунин рушди пойдори кулли минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад кард.                                                 

Барчасп