Май 14, 2023 12:08 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби муъоҳидаи кумакҳои ҳуқуқи байни Қазоқистон ва Қирғизистон
    Тасвиби муъоҳидаи кумакҳои ҳуқуқи байни Қазоқистон ва Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон протоколи ислоҳот ва илҳоқот ба муъоҳидаи ҳуқуқии ин кишвар ва Қирғизистон дар мавриди кумаки ҳуқуқии мутақобил дар умури мадани ва кайфариро имзо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қосим Жормат Токаев раиси Ҷумуҳрии Қазоқистон протоколи ислоҳот ва илҳоқот ба муъоҳидаи байни ин кишвар ва Қирғизистон дар мавриди кумаки ҳуқуқии мутақобил дар умури мадани ва кайфари дар таърихи 26 августи соли 1996-ро имзо кард.

Ин ислоҳияҳо таъини мақомоти зисалоҳе, ки дар заминаи ироаи кумакҳои ҳуқуқии мутақобили равобитро анҷом медиҳанд ва аз тариқи маҷории дипломотик ба якдигар иттилоъ меҳандро таъин мекунад.

Илова бар ин модаи 28 ин мувофиқатнома дар иртибот бо интиқоли салоҳият ба додситонии кулли Қазоқистон дар мавриди масоили ироаи кумаки ҳуқуқи дар парвандаҳои ҷинояти лағв мешавад. Ҳамонтавре, ки дар сенат низ ишора шуд ин тағирот ва илҳоқот имкони иҷрои қарордод ва танзими равобити ҳуқуқиро густариш медиҳад.

Ин мувофиқатнома дар маҷлиси Қазоқистон 30 июни соли 1997 тасвиб шуд.

Барчасп