Таҳлил: Иддаоӣ тақаллуби як ҷараёни интихоботӣ дар Туркия
Торнамои хабарии Истар вобаста ба давлати Эдуғон, аз тақаллуби як ҷараёни вобаста ба Ҳизби Ҷуҳӯри Халқ дар шаҳри Қуния хабр дод. Торнамои хабарии Истар муддаӣ шуд: Ду рӯз қабл аз райгирии интихоботӣ. нерӯҳои амниятӣ, зинми кашфи тақаллуби интихоботӣ, 41 нафарро дастгир карданд.
Нерӯҳои амнияии Туркия ҳамчунин муддаӣ шуданд: Раиси минтақаи Ҳизби Ҷумҳӯри Халқ дар миинтақаи Қунияро ба ҳамроҳи миқдори зиёди баргаи райи интихоботии раёсатҷумҳӯри ва парлумонӣ ба нафъи Камол Қиличдороғлу номзади ҷараёни апазитсиюни мавсум ба Эътилофи Миллат дастгир кардаанд. Бино бар иддаоӣ ин расонаи турк, ин муттаҳам ба ҳамроҳи 41 нафари дигар баргаҳои райи ҷаълии интихоботӣ ба нафъи Камол Қиличдороғлу таҳия карданд ва қасд доштанд онҳоро дар рӯзи интихобот дохили сандуқҳои рай биандозанд, ки ба ҷурми "мухолиф бо қонуни интихобот" дастгир шудаанд.
Дар ҳоле, ки тарҳҳои иттиҳомҳои расвокунандаи номзадҳо алайҳи як дигар дар ҷараёни таблиғоти интихоботи дар Туркия, амри оддӣ аст. Ба назар мерасад мавзӯъи иддаоӣ тақалуб тавассути Ҳизби Ҷумҳӯри Халқ дар ҳамин росто сурат гирифта аст. Тарҳҳои иддаоӣ ахири нерӯҳои амниятии Туркия дар шароите расонаи шудааст, ки бар асоси назарсанҷиҳо, Эътилофи Миллат ҳадди ақал панҷ дарсад аз Эътилофи "Ҷумҳӯр" пеши гирифтааст. Пас аз каноргирии " Муҳаррем Инҷе" номзади мустақили интихоботии раёсатҷумҳӯрии Туркия Эътилофи Миллат ба пирӯзӣ дар давраи нахуст умедвортар шудааст. Дар муқобил, Ҷараёни ҳокими бартари Туркия муддом бо тарҳи иттиҳомҳои мухталиф ба руқабои интихоботӣ ба вижа номзади муштараки Эътилофи шашгонаи Миллат, талош мекунад Камол Қиличдороғлу аз матни рақобатҳои интихоботӣ ба ҳошия биронад, ки то кунун муваффақияти чандоне касб накардааст. Ҳамин нокомии Раҷаб Тайиб Эрдуғон нишон медиҳад, ки ҷараёни Эътилофи шашагонаи Миллат дар арсаи сиёсӣ ва рақобатҳои интихоботии Туркия қудрати музоъафе гирифта аст.
Мутолеъаи майдонии расонаҳои мустақил ба хусус хабаргузории байналмиллалии "Эрон Пресс" аз райдиҳандагони турк, нишон медиҳад, ки мушкилоти аслии мардуми Туркия дар масоили иқтисодӣ ва бе адолати мутамаркиз аст. Агар чӣ мавзуъоти мавриди назари мардуми Туркия бисёр зиёд аст, аммо мардум хостори беҳбӯди вазъияти маишати ва поён додан ба бӯҳрони иқтисодӣ дар дохили Туркия ҳастанд. Дар айни ҳол, беадолатӣ мавзӯъи аслии дигари мавриди назари мардуми Туркия аст, ки дар давлати Эрдуғон дар тӯли беш аз ду даҳҳаи гузашта ба авҷ расид. Суханронони ҷараёни Эътилофи Миллат , дар ҳафтаҳои ахир ҳамвора дар заминаи ҳамин меҳварҳо изҳороти тунде алайҳм ҳокимияти Эдуғон иброз доштанд. Ин дар ҳоле аст, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон талош мекунад бо матраҳ кардани дастовардҳои давлат ва талоши мухолифон барои нобудии он дастоврадҳо, орои мардумро ба самти худ бикашонад. Мақомҳои феълии давлати Анкара худро меҳвари ҷараёни зиддӣ амрикоӣ ва зиддӣ ғарбӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо ба мардум тавзеҳ намедиҳанд, ки ҳазинаи ин ҷараён ва дастовардҳои давлат ба чӣ мизон будааст؟
Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар тӯли камтар аз як даҳҳа равобити Туркияро ба тамоми кишварҳои ҳамсоя ба сифр тағир дод. Аммо аз як сол пеш талош кард равобит бо режими саҳюнистӣ, Миср, Арабистон, Иморот ва бархе аз дигар кишварҳои минтақаро бозсозӣ кунад аммо ҳазинаҳои чашмгири ин бозсозиҳо аз нигоҳи мардуми Туркия пинҳон мешавад. Дар муқобил таблиғоти ҷараёни Эътилофи Ҷумҳӯр, намояндагони Эътилофи Миллат ба вижа Камол Қиличдороғлу, ба сурати урён талош кардааст дар мухолиф бо сиёсатҳои давлати Эрдуғон мавзеъгири кунад. Камол Қиличдороғлу фосила гирифтан аз Ғарбро иштибоҳи сиёсати хориҷаи давлати Эрдуғон муаррифӣ ва таъкид кардааст дар сурати пирӯзӣ, сиёсати хориҷаи Анкараро таҳаввул хоҳад кард. Бо ин, ки туркгароӣ сиёсати аслии Ҳизҳби Ҷумҳӯри Халқ аз як қарн пеш маҳсуб мешуда аммоКамол Қиличдороғлу сиёсати давлати ояндаро бар акс бо ин ҷараён муаррифӣ кардааст.
Ҷараёни хатарноки туркгароӣ, ки аз сӯйи бархе аз афроди фарорӣ аз кайфар дар кишварҳои ҳамсояи Туркия ба ин кишвар паноҳ овардаанд, пуштибонӣ мешавад. Ҳамин мавзӯъ муҷиб шуд, ки равобити Туркия бо кишварҳои мустақили ҳамсоя дар минтақа таҳти таъсир қарор бигирад.
"Раҳмони Қаҳрамонпур" коршиноси фаъол дар масоили Туркия дар арзёбии интихоботии раёсатҷуҳӯрии Туркия гуфт: "Пирӯзии Эрдуғон ё Камол Қиличдороғлу агар чӣ мумкин аст авлавиятҳои сиёсати хориҷаи Туркияро дучори тағир кунад. Аммо ин ба маънои тағири маҳсуси сохтори сиёсати хориҷаи Туркия нест". Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия ҳамзамон бо бистуҳаштумин давраи интихоботи парлумонии ин кишвар имрӯз (якшанбе 14-уми моҳи май) баргузор мешавад.