Май 17, 2023 09:29 Asia/Dushanbe
  • Кумаки як миллиондолларии Кувайт ба Қирғизистон

Мудири бахши амалиёти Сандуқи тавсеаи иқтисодии Кувайт аз тахсиси якмиллион доллар барои тавсеаи мутолиот барои пружаҳои зербиноии Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳошияи нишасти солонаи Шӯрои ҳуккоми Бонки тавсеаи исломӣ, Одилбек Қосималиев, муовини аввали нахуствазир ва Алмос Бахтиев, вазири дороии Қирғизистон бо Абдуллоҳ ал Мусибеҳ, мудири бахши амалиёти Сандуқи тавсеаи иқтисодии Кувайт дидор кард.

Қосималимев пешниҳод кард, ки иҷрои пружае  дар тавсеаи системаи таъмини обу фозилоб дар Қирғизистон дар назар гирифта шавад, ки сатҳи иҷтимоии мардумро беҳбуд мебахшад.

Тарафи кувайтӣ аз имкони тасвиби кумакҳои фаннии эътоӣ барои тавсеаи мутолиоти имконсанҷии пружаҳои зербиноӣ ба маблағи як миллион доллар хабар дод, ки ҳаддиаксари кумакро дар иҷрои пойдори пружаҳои муштарак бо сандӯқи Кувайт ироа мекунад.

Тарафайн бар лузӯми ташдиди талошҳои муштарак барои дастёбӣ ба ҳамкории муассир ишора карданд.

 

Барчасп