Май 26, 2023 19:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Қазоқистон ва Қирғизистон
    Ҳамкории Қазоқистон ва Қирғизистон

Дар нишасти ширкатҳои тиҷории Қазоқистону Қирғизистон бар афзоиши ҳамкории тиҷории ду кишвар то 2 миллиард доллар таъкид шуд.

Кайрат турбоев, муовини вазири бозаргонии Қазоқистон дар ифтитоҳияи ин маҷмаъ гуфт, Қазоқистон метавонад содироти маҳсулоти фароваришуда ба Қирғизистонро 100 миллион доллар афзоиш диҳад.

Вай гуфт: Мо потенсиали афзоиши содироти маҳсулоти фароваришудаи Қазоқистон ба Қирғизистонро беш аз 100 миллион доллар арзёбӣ мекунем, ки умдатан колоҳои саноати ғизоӣ, кимиёӣ, муҳандисӣ, доруӣ ва метолуржӣ ҳастанд.

Дар идома Рапил Жошибоев, сафири Қазоқистон дар Бишкек гуфт: Мо дар назар дорем то ҳаҷми тиҷорат байни ду кишварро ба 2 миллиард афзоиш диҳем.

Вай таъкид кард, ки ҳар ду тараф қарор аст тавофуқномаеро дар мавриди чаҳор маркази иқоматӣ, воқеъ дар минтақаи Иссиккӯл имзо кунанд.

Соли 2022 арзиши содирот аз Қазоқистон ба Қирғизистон 745. 3 миллион доллар буд.

 

Барчасп