Коҳиши содироти гандум ва орд аз Қазоқистон ба Туркманистон
Тайи чаҳор моҳи соли ҷорӣ содироти гандум ва орд аз Қазоқистон ба Туркманистон ба таври қобили тавҷиҳи коҳиш ёфта аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон тайи чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ содироти гандум аз Қазоқистон ба Туркманистон ҳудуди 40 дарсад ва орд 63 дарсад коҳиш ёфта аст.
Бар асоси итилоъияи нашрияи хабарии қазоқӣ "LS Aqparat" ба истиноди додаҳои кумитаи ҳазинаҳои давлатии Қазоқистон тайи ин муддат дар маҷмуъ содироти маҳсулоти Қазоқистон ва Туркманистон яксевум коҳиш ёфта аст аз ҷумла дар муқоиса бо чаҳор моҳи аввали соли гузашта содироти гандум аз 180.5 ҳазор тонна то 111.1 ҳазор тонна 348.4 дарсад поён омада аст.
Тайи моҳҳои янван-апрел Туркманистон аз Қазоқистон 7.2 ҳазор тонна орд харидори карда аст, ки нисбат ба давраи мушобеҳи як соли пеш 63 дарсад камтар аст.
Ҳамчунин содироти макаронӣ 43.1 дарсад ва телефонҳои ҳушманд 27.7 дарсад аз Қазоқистон ба Туркманистон бо коҳиш ёфта ва баракс содироти милгирд (арматур) 3.3 баробар 11.1 ҳазор тонна афзоиш ёфта аст.