Мирзиёев қодир ба нобуд кардани терроризм дар Узбакистон аст
(last modified Thu, 22 Dec 2016 14:39:44 GMT )
Декабр 22, 2016 19:39 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев қодир ба нобуд кардани терроризм дар Узбакистон аст

Мудири бахши таҳқиқоти Осиёи Марказии Институти таҳқиқоти роҳбурдии Русия муътақид аст, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ҷадиди Узбакистон тавони маҳори таҳдиди терроризмро дар ин кишвар дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Дмитрий Александров, мудири бахши таҳқиқоти Осиёи Марказии Муассисаи таҳқиқоти роҳбурдии Русия дар бораи равиши муборизаи раисҷумҳури ҷадиди Узбакистон бо терроризм гуфт, Мирзиёев сиёсатҳои Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини ин кишварро идома хоҳад дод. Мудири бахши таҳқиқоти Осиёи Марказии Институти таҳқиқоти роҳбурдии Русия гуфт, раисҷумҳури ҷадиди Узбакистон талош хоҳад кард, ки ҳеҷ фурсатеро барои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ боқӣ нагузорад ва раванди феълии мубориза бо ифротгароӣ дар ин кишвар ҳамчунон ҳифз хоҳад шуд.

Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, ки чаҳоруми декабр баргузор шуд, бо касби беш аз 88 дарсади ороъ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди ин кишвар интихоб шуд.