Июн 10, 2023 18:22 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Қазоқистон барои афзоиши содироти маҳсӯлоти кишоварзӣ ба Аврупо

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар дидор бо Комиссари кишоварзии Аврупо дар мавриди афзоиши содироти ғаллоту донаҳои равғанӣ ба Иттиҳоди Аврупо гуфтугу кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар дидор бо Януш Войтмеховский, Комиссари кишоварзии Иттиҳоди Аврупо гуфт: Қазоқистон барои афзоиши содироти ғаллоту донаҳои равғанӣ ва ҳамчунин маҳсӯлоти органик ба ин иттиҳодия омодааст.

Тоқаев дар ин дидор ба тарафи аврупоӣ дар мавриди тағийроти ҷорӣ дар Қазоқистону ислоҳоте, ки ба тавсеаи демократия, ҳимоят аз ҳуқуқи башару ҳокимияти қонӯн кумак мекунад, иттилооте дода в ҳамчунин бар ҳамкории стротежик бо Иттиҳоди Аврупо, бузургтарин шарики тиҷории Қазоқистон таъкид кард.

 

Барчасп