Рушди равобити дуҷониба меҳвари гуфтугуи мақомоти Узбакистон ва Русия
(last modified Sun, 11 Jun 2023 08:40:47 GMT )
Июн 11, 2023 13:40 Asia/Dushanbe
  • Рушди равобити дуҷониба меҳвари гуфтугуи мақомоти Узбакистон ва Русия
    Рушди равобити дуҷониба меҳвари гуфтугуи мақомоти Узбакистон ва Русия

Нахуствазирони Узбакистон ва Русия дар дидори дар шаҳри Сочи рушди равобити дуҷонибаро барраси карданд.

Русия яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон аст ва мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2022 дар сатҳи 8 миллиарду 500 миллион доллар қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Михаил Мишустин нахуствазири Русия дар дидор бо Абдуллоҳ Орифов нахуствазири Узбакистон дар шаҳри Сочи гуфт: Мо хостори густариши ҳамкориҳи иқтисодӣ ва бозаргонӣ бо тарафи узбак буда ва мубодилоти бозаргони, ки дар соли гузаштаи мелодӣ беш аз 25 дарсад афозиш дошт кофи нест.

Нахуствазири Русия ҳамчунин афзуд: Маскав аз ҳузури фаъоли Узбакистон дар ҳамгароӣ Авруосиё истиқбол мекунад ва бовари дорем, ки ҳамкориҳои мутақобил бо Иттиҳдияи Авруосиё шароити мусоидеро барои рушди иқтсиоди Узбакистон афзоиши фаъолияти корофарини ва дар натиҷа ба нафъи шаҳрвандони узбак ва рус фароҳам хоҳад кард.

Нахуствазири Узбакистон низ гуфт: Имруз равобити ду кишвар ҳамчунон сайри болои дорад ва ба болотарин сатҳи худ расида ва дар натиҷаи иродаи сиёсии сарони Узбакистон ва Русия мо ба сатҳи бунёдии ҷадиди аз ҳамкори, мушорикати стратежикии ҷомеъ ва равобити ҳампаймони расидаем.

Абдулло Орифов афзуд: Заминаҳои ҳамлунақл ва лаҷестики абъоди калидии ҳамкориҳо байни ду кишвар аст ва бо вуҷуди чолишҳои имруза Узбакистон ва Русия мувафақ мешаванд раванди мусбатеро дар рушди ҳамлунақли бор ҳифз кунанд.

Нахуствазири Узбакистон ҳамчунин гуфт: Ин кишвар алоқаманд ба ташкили каридурҳои ҳамлунақли байналмилалии ҷадид аст ва дар ин замина аз рушди каридури байналмилалии шимол ва ҷануб, ки яке аз роҳҳои аслии ҳамлунақл дар минтақа аст ҳамият мекунад.

 

Бештар бихонед: