Коҳиши ҷурму ҷиноят дар Кобул
Июн 14, 2023 16:53 Asia/Dushanbe
Бо рӯи кор омадани ҳукумати Толибон ҷурму ҷиноят дар пойтахти Афғонистон коҳиш ёфтааст.
Шаҳрвандони кобулӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Ово” эътироф доранд, ки бо рӯи кор омадани дубораи ҳукумати Толибон дар Афғонистон, дуздиҳои мусаллаҳона, зӯргӯӣ ва бебандуборӣ дар сатҳи кишвар, ба вижа Кобул – пойтахт, 90 дарсад коҳиш ёфтааст.
Шаҳрвандон мегӯянд, қабл аз рӯи кор омадани ҳукумати Толибон дуздиҳои мусаллаҳонаву зӯргирӣ ба як фарҳанг дар шаҳри Кобул табдил шуда буд ва шаҳрвандон дар рӯзи равшан ҳадафи ҳамалоти дуздону афроди зӯргӯ қарор мегирифтанд.
Барчасп