Имкони тараддуди қаторҳои борӣ дар масири Чин - Қирғизистон - Узбакистон
(last modified Wed, 14 Jun 2023 15:10:38 GMT )
Июн 14, 2023 20:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлунақли чандваҷҳии «Чин - Қирғизистон – Узбакистон»
    Ҳамлунақли чандваҷҳии «Чин - Қирғизистон – Узбакистон»

Тараддуди қаторҳои борӣ аз тариқи каридори ҳамлунақли «Чин - Қирғизистон - Узбакистон» имконпазир шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин қатори борӣ пас аз 15 рӯз аз шаҳри Ланчжоуи Чин вориди шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон мешавад.

Вазорати ҳамлунақли Узбакистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, бо ҳадафи иҷрои тавофуқоти бадастомада дар чорчӯби нишасти Чин ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Шион тавассути Иттиҳоди пуштибонии роҳи оҳани Зиҷёнги Чин (Zhejiang Union of Railway Logistics) бо ҳамкории ширкати саҳҳомии «Роҳи оҳани Узбакистон» ва ширкати миллии «Роҳи оҳани Қирғизистон» як қатори борӣ бо 30 контейнер аз истгоҳи Лончжоуи Чин ба Тошканд роҳандозӣ шуд.

Ҳамчунин бо ҳадафи ташвиқи ҳамлунақли бор аз тариқи каридори ҳамлунақли чандваҷҳии «Чин - Қирғизистон – Узбакистон» 9 июн ҳаракати аввалин қатори озмоишӣ оғоз шудааст.

Ин қатори борӣ ба арзиши ду миллиону 500 ҳазор доллар, ҳомили панелҳои хуршедӣ, таҷҳизоти механикӣ, порча ва соири маҳмула тайи 15 рӯз аз Лончжоу ба Тошканд мерасад.