Сохти нерӯгоҳи хуршедӣ-меҳвари нави ҳамкории Қирғизистону Русия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i103614
Мақоми русӣ аз сохти нерӯгоҳи хуршедии муштарак бо Қирғизистон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 15, 2023 16:48 Asia/Dushanbe
  • Сохти нерӯгоҳи хуршедӣ-меҳвари нави ҳамкории Қирғизистону Русия

Мақоми русӣ аз сохти нерӯгоҳи хуршедии муштарак бо Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дмитрий Вольвач-муовини вазири тавсеаи иқтисодии Русия дар маҷмаъи байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург имрӯз панҷшанбе гуфт:Русияву Қирғизистон ба таври муштарак пружаеро барои сохти нерӯгоҳҳои хуршедӣ иҷро мекунанд.
Вольвач сохти муштараки нерӯгоҳи хуршедӣ бо зарфияти ҳаддиаксари 300 мегаваттро дар минтақаи Иссиқкули Қирғизистон як пружаи ҳамкории муҳим хонд ва афзуд : Мавзӯи энержиҳои таҷдидпазир умедворкунандатарин заминаи ҳамкории байни кишварҳо ва мабнои пойдории иқтисодҳои миллӣ аст .