Афзоиши мубодилоти тиҷории Эрон ва Узбакистон ба 1 миллиард доллар
Июн 18, 2023 09:48 Asia/Dushanbe
Раиси утоқи бозаргонии Эрон аз афзоиши мубодилоти тиҷории Эрон ва Узбакистон ба 1 миллиард доллар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ғуломҳусейни Шофеъӣ раиси утоқи бозаргонии Эрон дар ин нишаст гуфт: Дар ҳолиҳозир ҳадафи аввалия рушди равобити тиҷори ва афзоиши тиҷорат бо Узбакистон аз 400 миллион доллар тиҷорати кунуни ба 1 миллиард доллар аст, ки то поёни соли 1402 ин рақам даст хоҳад ёфт.
Бахши хусусии Эрон аз ҳузури сармоягузорони узбакӣ дар бахшҳои мухталифи нетф, газ, петрушимӣ, энергетикаи нав ва таҷдидпазир, тарҳҳои обрасони ва саноати неругоҳи ва қаторҳои тезрав, кишоварзӣ ва гардишгарӣ истиқбол мекунад.
Барчасп