Ройзаниҳои намояндагони Эрон ва Афғонистон дар бораи хати рейлии Хоф-Ҳирот
(last modified Mon, 19 Jun 2023 14:17:04 GMT )
Июн 19, 2023 19:17 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои намояндагони Эрон ва Афғонистон дар бораи хати рейлии Хоф-Ҳирот
    Ройзаниҳои намояндагони Эрон ва Афғонистон дар бораи хати рейлии Хоф-Ҳирот

Сафир ва намояндаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон бо раиси идораи роҳи оҳани Афғонистон дар бораи густариши ҳамкори дар бахши роҳи оҳани Хоф ва Ҳирот дидору гуфту карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Козмии Қумӣ сафир ва намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон дар дидор бо Бахтураҳмони Шарофат раиси идораи ройоҳани Афғонистон дар бораи густариши ҳамкориҳои рейли шомили баҳрабардори аз роҳи оҳани Хоф ва Ҳирот такмил ва идомаи масир ва ҳамкориҳои омузиши ва фанни ва таҷҳизоти табодули назар кард.

Пас аз ифтитоҳи дусоли пеши хати оҳани Хофи Эрон ва Ҳироти Афғонистон бо ҳузури маҷозии раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Афғонистон танҳо ду навбат қатори омузиши руи ин рейл ба ҳаракт даромад ва ҳануз амалиёти расмии интиқоли коло ва мусофир аз ин масири рейли оғоз нашуда аст.

Ин хати ҳона ки бо кумкти Эрон сохта шуд солона зарфияти интиқоли 6 миллион тонна коло ва 1 миллион мусофирро дорад.