Июн 21, 2023 20:29 Asia/Dushanbe
  • Тасодуфи маргбор дар Қазоқистон
    Тасодуфи маргбор дар Қазоқистон

Субҳи 21-уми июн дар шоҳроҳи Самара-Чимкент дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон ба як садамаи нохуше рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти идораи полиси вилояти Оқтеппа хабар додааст.

Ба гузориши “Пресса”, дар ин садама чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд, ки аз миёни кушташудагон ду нафарашон ноболиғ ҳастанд. Аз ҷумла як духтари 15-сола дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ҳодиса адами тавоноии ронанда аз идораи мошини Hyundai Starex будааст, ки дар натиҷа мошин чаппа мешавад. Ронанда дар ҳолати хастагӣ мошинро мерондааст.

Баъдан боз ду нафар, аз ҷумла як ноболиғи дигар дар шуъбаи эҳёи бемористони марказии ноҳияи Кобдинск ҷон додааст. Вазъи ду нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад.

 

Барчасп