Тасвиби хутути марзии Узбекистону Қазоқистон дар Сенат
(last modified Sat, 24 Jun 2023 15:03:31 GMT )
Июн 24, 2023 20:03 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби хутути марзии Узбекистону Қазоқистон дар Сенат

Сенати Узбекистон бо ҳадафи поён додан ба ихтилофоти марзӣ, асноди таъйини ҳудӯди марзҳои ин кишвару Қазоқистонро тасвиб кард.

Номушаххас будани марзҳо байни ҷумҳуриҳои истиқлол ёфта аз Шуравӣ, яке аз аслитарин далоили танишҳои марзӣ байни ин кишварҳост. Ихтилофоти марзӣ борҳо ин кишварҳоро рӯ дар рӯи якдигар қарор дода ва ин рӯёрӯиҳо гоҳе то сарҳади даргирии низомӣ пеш рафтаанд.

Тақрибан ҳамаи кишварҳои ҷудо шуда аз Шуравӣ, ҳаракат ба сӯи таъйини дақиқи ҳудӯди марзҳои муштарак бо ҳамсоягону поён додан ба ин танишҳоро оғоз кардаанд. Узбекистону Қазоқистон низ аз ин қоида мустасно нестанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сенати Узбекистон имрӯз (шанбе) асноди давлатии ин кишвару Қазоқистон дар мавриди таъйину аломатгузории марзҳоро пас аз баррасӣ, таъйид кард.

Ин қарордод дар таърихи 21 декабри соли 2022 тавассути Шавкат Мирзиёев ва Қосим Ҷомарт Тоқаев, руасои ҷумҳури ду кишвар имзо шуд.