Сармоягузории 3.5 миллиард долларии Ҷопон дар иқтисоди Узбакистон
(last modified Tue, 27 Jun 2023 14:07:08 GMT )
Июн 27, 2023 19:07 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 3.5 миллиард долларии Ҷопон дар иқтисоди Узбакистон
    Сармоягузории 3.5 миллиард долларии Ҷопон дар иқтисоди Узбакистон

Вазири сармоягузори, саноат ва тиҷорати Узбакисон ва раиси нави ожонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Лазиз Қудратов вазири сармоягузори саноат ва тиҷорати Узбакистон ва Юшиюбуми Биту раиси нави ожонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Узбакистон дар дидори дар шаҳри Тошканд бар сайри мусбати рушди ҳаҷми сармоягузории ҷории Ҷопон дар Узбакистон, ки шомили 11 тарҳи 3 миллиарду 500 миллион доллар дар заминаҳои монанди энержӣ, рушди зербиноӣ, кишоварзӣ, омузиш ва беҳдошт аст таъкид карданд.

Қудратов бар аҳамияти мушорикати фаъоли Ҷойко дар иҷрои аҳдофи рушди стратежикии Узбакистони ҷадиди мабни бар афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ, таҳаққуқи имконияти саноати бахшҳо ва минтақаҳо, рушди тиҷорати дохилӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин рушди бахши энержӣ дар Узбакистон таъкид кард.