Толибон: Мушкилоти Афғонистон ношӣ аз ишғолгарӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i104238-Толибон_Мушкилоти_Афғонистон_ношӣ_аз_ишғолгарӣ_аст
Муовини раиси кобинаи давлати муваққати Толибон мушкилоти иқтисодии кишварро ношӣ аз 20 соли ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон донист.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 28, 2023 18:03 Asia/Dushanbe
  • Мулло Абдулғанӣ Бародар
    Мулло Абдулғанӣ Бародар

Муовини раиси кобинаи давлати муваққати Толибон мушкилоти иқтисодии кишварро ношӣ аз 20 соли ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон донист.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини кобинаи ҳукумати Толибон имрӯз - чаҳоршанбе дар маросими намози иди Қурбон дар Кобул, мушкилоти иқтисодии мавҷуд дар кишварро ношӣ аз 20 соли ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон донист ва ба шаҳрвандони кишвар итминон дод, ки иқтисоди кишвари рӯ ба беҳбуд аст ва баъд аз итмоми рӯзҳои ид, кори асосӣ барои баҳрабардорӣ аз шоҳроҳи Соланг оғоз мешавад.