Июл 01, 2023 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Қирғизистону Фаронса дар бахши энержӣ

Сафири Қирғизистон дар Фаронса дар дидор бо раиси дафтари намояндагии ширкати фаронсавии « EDF » дар Осиёи марказӣ дар мавриди густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаи энержӣ гуфтугу кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин дидор ба ибтикори тарафи қирғизӣ ба унвони бахше аз ҳифзи тамоси бардавом ва ба манзури ҷазби сармоягузории мустақими хориҷӣ дар бахши энержии кишвар баргузор шуд .
Тибқи ин гузориш дар ин дидор дар хусӯси чашмандози ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва иҷрои пружаҳои муштарак дар ҳавзаи энержӣ ва энержиҳои таҷдидпазир табодули назар шуд ва Шерниёз-сафири Қарғизистон пешниҳод кард ки корофаринони фаронсавӣ на танҳо дар бахши сохту сози нерӯгоҳҳои барқ дар Қирғизистон, балки дар соири бахшҳои тавлиди энержӣ низ монанди панелҳои хуршедӣ ва нерӯгоҳҳои бодӣ мушорикати фаъолтаре дошта бошанд.
 

 

Барчасп