Баргузории нишасти шурои Бонки Рушди Авруосиё дар Қазоқистон
(last modified Sat, 01 Jul 2023 15:01:12 GMT )
Июл 01, 2023 20:01 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти шурои Бонки Рушди Авруосиё дар Қазоқистон
    Баргузории нишасти шурои Бонки Рушди Авруосиё дар Қазоқистон

Нишасти шурои Бонки Рушди Авруосиё бо ҳадафи баррасии натоиҷи фаъолияти он дар як соли гузашта дар Остона баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс нишасти шурои Бонки Рушди Авруосиё бо ҳадафи баррасии натоиҷи фаъолияти он дар як соли гузашта ва мавзуъоти аслии фаъолиятҳои ҷорӣ дар Остона баргузор шуд.

Раиси ҳайатмудираи Бонки Рушди Авруосиё хотирнишон кард ин бонк дар соли 2022 нақшаи худро ба унвони як муассисаи рушди пешрави дар фазои Авруосиё тақвият кард ва афзоиши қобили таваҷуҳи сармоягузори дар тарҳҳои он муиди ин иддао аст.

Бонки Рушди Авруосиё бо 7 миллиард доллар сармоя дар 17 соли гузашта ба тақвият ва густариши равобити иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои узв Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон кумак карда аст.