Ашқобод-мизбони машваратҳои сиёсии Туркманистону Англия
Мақомоти баландпояи Туркманистону Англия дар шаҳри Ашқобод дидор карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рашид Муродов-вазири умӯри хориҷаи Туркманистон бо Лео Дочерти-муовини порлумонии вазири умӯри хориҷаи Англия, ки дар чорчӯби сафари корӣ вориди Ашқобод шудааст, дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор мавзӯъоти муҳими дастури кори дуҷониба, ки бахши васеъе аз заминаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷорӣ ، иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро дар бар мегиранд, баррасӣ шуданд.
Вазири хориҷаи Туркманистон бар тавсеаи муассири ҳамкории кишвараш ва Англия таъкид ва дар ин замина хотирнишон кард, ки ҳузури раиси ҷумҳӯри Туркманистон дар маросими тоҷгузории подшоҳ Чарлзи сеюм дар моҳи маи имсол рӯйдоди муҳимме дар тақвияти равобити байни ду кишвар буд.
Ду тараф омодагии худро барои мушорикати бештар дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ дар заминаи энержӣ, тағироти иқлимӣ, кишоварзӣ ва мудирияти об иброз карданд .
Тарафи туркманӣ ба нақши муҳими дипломасии порлумонӣ ишора ва дар ин росто пешниҳод шуд равобити байнипорлумонӣ тақвият шавад.