Июл 16, 2023 12:36 Asia/Dushanbe
  • Даъвати шоҳи саъудӣ аз раиси Ҷумҳурии Қирғизистон
    Даъвати шоҳи саъудӣ аз раиси Ҷумҳурии Қирғизистон

Шоҳи Арабистони Саъудӣ раиси Ҷумҳурии Қирғизистонро ба ширкат дар нишасти шурои ҳамкории Халиҷи Форс ва кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон даъватномаи Малик Салмон ибни Абдулазиз оли Саъуд шоҳи саъудӣ имруз тавассути Иброҳим ибни Роди Алроди сафири Арабистони Саъудӣ таҳвили Садир Ҷаборов раиси Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.

Ба ин тартиб Ҷаборов барои ширкат дар ин нишасти нуздаҳуми июл роҳи Ҷада хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар дидор бо сафири Арабистони Саъудӣ дар хусуси масоили дуҷониба низ гуфтугу карданд.

Барчасп