Июл 19, 2023 13:06 Asia/Dushanbe
  • Барномаи раисиҷумҳури Қирғизистон дар сафар ба Арабистони Саъудӣ
    Барномаи раисиҷумҳури Қирғизистон дар сафар ба Арабистони Саъудӣ

Раисиҷумҳурии Қирғизистон бо ҳадафи ширкат дар нишасти сарони шурои ҳамкории Халиҷи Форс кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дидор бо мақомоти саъудӣ роҳи Арабистони Саъудӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Содир Ҷаборов раисиҷумҳурии Қирғизистон субҳи имруз чаҳоршанбе ворди Ҷадда шуд.

Нишасти кишварҳои узви шурои ҳамкории Халиҷи Форс-Осиёи Марказӣ дар Ҷадда баргузор мешавад ва Ҷаборов низ яке аз даъватшудагон барои ҳузӯр дар ин гирдиҳамоӣ аст.

Ҷаборов билофосила пас аз вуруд ба Ҷадда бо Холид бин Файсал оли Саъуд фармондори Макка дидору гуфтугу кард.

Нишасти шурои ҳамкории Халиҷи Форс-Осиёи Марказӣ бо ҳадафи талош барои рушди ҳамкориҳои минтақаӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳанӣ ва башардустона имруз чаҳоршанбе оғоз мешавад.

Раисиҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷадда ҷудогона бо сарони кишварҳои узви шурои ҳамкории Халиҷи Форс низ дидору гуфтугу хоҳад кард.

Гуфтани аст Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳурии Тоҷикистон низ дирӯз сешанбе ба Ҷадда рафт вазири корҳои хориҷа, мувоинони раисиҷумҳур дар равобити хориҷӣ ва умури иқтисодӣ, вазири иқтисод, раиси кумитаи дини Тоҷикситон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳи мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп