Тавофуқи Узбакистон, Покистон ва Афғонистон дар мавриди сохти роҳи оҳан
Бо ҳузури намояндагони Узбакистон, Покистон ва Афғонистон тавофуқномаи сохти роҳи оҳан "фору-афғон" имзо шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА бар асоси ин тавофуқнома, ки пас аз нишасти коргуруҳи се кишвари Узбакистон, Покистон ва Афғонистон дар шаҳри Исломобод имзо шуд масири ҷадиди ин роҳи оҳан нисбат ба тарҳои авалия тағир хоҳад кард.
Дар ин гузориш омада аст: Масири роҳи оҳан аз Тирмизи Узбакистон ба Мазори Шариф ва Лугер дар Афғонистон мегузарад ва дар гузаргоҳи марзии Харлучи виляоти Пактиё ба хоки Покистон мерасад пеш аз ин қарор буд, ки ин роҳи оҳан аз гузаргоҳи марзии Турхум дар вилояти Нангҳор вориди хоки Покистон шавад.
Ба гуфтаи мақомоти Узбакистон ин роҳи оҳан ба тули 760 километр аз тариқи Афғонистон ҳудуди 5 руз замони таҳвили бор ба Покистон ва 40 дарсад коҳиши ҳазинаҳои ҳамлунақлро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.