Декабр 26, 2016 15:57 Asia/Dushanbe
  • Пуштибонии Мирзоев аз сохти роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон

Ҳамзамон бо рӯзи сеюми сафари расмии Алмазбек Атамбоев ба Узбакистон, руасои ҷумҳури Узбакистон ва Қирғизистон бар сохти роҳи оҳани Чин-Қирқизистон-Узбакистон таъкид карданд.  

Ба иттилои сайти Узбакистон Тудей, Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури Узбакистон дар дидор бо Алмазбек Атамбоев дар шаҳри Самарқанд пуштибонии худро аз ин тарҳ эълом ва тасреҳ кард, ки мутахассисони узбак омодаанд, дар тарроҳӣ ва сохти ин роҳи оҳан дар ҳудуди ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкорӣ кунанд .

Дар ин дидор тамоми масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла тарҳҳои байналмилалӣ ва тарҳҳои Чин дар бораи камарбанди ҷоддаи Абрешим баррасӣ шуд .

Роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон , Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайванд медиҳад ва аз тариқи Афғонистон, Эрон ва Туркия ба Аврупои шарқӣ роҳ меёбад .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар Бишкек низ дар дидор бо Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон аз ҳимояти Теҳрон аз тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирқизистон-Узбакистон хабар дод .

Рӯҳонӣ гуфт: Ин роҳи оҳани кишварҳои минтақа, аз Чин то Халиҷи Форсро ба ҳам мепайвандад ва ин ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа аст .

Алмазбек Атамбоев 24 декабр ба Узбакистон сафар кард .

Вай дар ин сафар бар мазори раисҷумҳури қаблии Узбакистон ҳозир шуд ва ба Ислом Каримов адои эҳтиром кард .

Атамбоев нахустин раисҷумҳури як кишвари хориҷӣ аст, ки баъд аз пирӯзии Шавкат Мирзоев дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз Узбакистон боздид мекунад.