Ҳимояти Қазоқистон аз қатъномаи СММ дар маҳкумияти тавҳин ба адён
Июл 29, 2023 17:29 Asia/Dushanbe
Қазоқистон аз Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар маҳкумияти иқдомоти хушунатомез алайҳи боварҳои диниву мазҳабӣ ҳимоят кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қазоқистон аз Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он ҳар гуна иқдомоти хушунатомез алайҳи мардум бар асоси мазҳаб ё эътиқодоти онҳо маҳкум мешавад, ҳимоят кард.
Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон эълом кард, СММ дар пайи чандин мавриди сӯзонидану беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим дар кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифт, ки тавҳин ба намодҳои адён ва кутуби муқаддасро маҳкум ва дар матни қатъномае ворид кунад.
Ин қатънома бо ҳамроҳии Қазоқистон ва 47 узви СММ табйин шудааст.