Афғонистон меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва намояндагони Аврупо
Мақомоти Узбакистон ва намояндагони созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар нишасти дар Тошканд вазъияти Афғонистонро барраси карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс дар дидори Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар Афғонистон ва Клемнес Куё намояндаи ҳамоҳангкунандаи тарҳҳои созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Узбакистон дар бораи вазъияти Афғонистон ва чашмандози ҳамкориҳои мутақобил барои кумак ба ин кишвар табодули назар шуд.
Клемнес Куё нақши Узбакистонро дар раванди ироаи кумакҳои башардустона ба мардуми Афғонистон чашмгир донист ва бар иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар ин кишвар таъкид кард.
Мақомоти Созмони Милал ҳам то кунну борҳо аз талошҳои Узбакистон барои ҳалуфасли вазъияти Афғонистон ва кумак ба бозсозии иҷтимоъӣ ва иқтисодии ин кишвар қадрдони карданд.