Август 09, 2023 10:48 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоишҳои муштараки тактикии Узбекистон ва Қазоқистон

Размоишҳои муштараки вижаи тактикии низомиёни вазорати дифои Узбекистону Қазоқистон дар майдони тирандозии «Оймош»-и Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ибтидои ин размоишоти муштарак вазоифи муҳаввала ба ягонҳои низомии ду кишвар баррасӣ шуд.

Даргириҳои мусаллаҳонаи модерн дар ҷаҳон мусталзими истифодаи густарда аз ҷадидтарин равишҳои иқдомоти низомӣ дар воҳидҳо, табодули таҷрибиёт бо артишҳои пешрави дигар кишварҳо, омодагии мудовим барои шароити мухталифи пуртанишу иртиқои муназзами донишу маҳорат бо истифода аз охирин фанновариҳо аст.

Ягонҳои низомии ду кишвар дар манотиқи марбӯта ба сӯрати инфиродӣ ва гуруҳӣ тақсим шуданд ва пас аз он тамриноти омӯзишии амалӣ иҷро шуд.

Дар чорчӯби размоишот низомиён як роҳпаймоӣ дар масофати тӯлонӣ анҷом медиҳанд, омодагии ҷисмонии онҳо озмоиш мешавад ва ҳамчунин як дави 45 километрӣ бо таҷҳизоти комили размӣ ва озмӯни сатҳи дониши омӯзишҳои тактикӣ ва пизишкӣ анҷом шуд.

 

Барчасп