Август 11, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • « Нақшаи роҳ »и нави ҳамкориҳои Узбекистону Озарбойҷон дар заминаи энержӣ

Нишасти коргурӯҳи муштараки Узбекистону Озарбойҷон дар шаҳри Тошканд баргузор ва дар он масойили ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи энержӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин коргурӯҳ бар асоси ёддошти тафоҳуми имзошуда дар чорчӯби сафари расмии раиси ҷумҳӯри Озарбойҷон ба Узбекистон дар июни 2022 ташкил шуд.
Дар ин нишаст иҷрои « нақшаи роҳ »и имзошуда дар моҳи августи соли гузаштаи милодӣ дар бораи густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил мавриди баррасӣ қарор гирифт . Аз ҷумла гузоришоте дар мавриди корҳои анҷомшуда ироа шуд.
« Нақшаи роҳ » шомили пружаҳое монанди манобеи энержиҳои таҷдидпазиру мушорикати давлатӣ – хусӯсӣ, баҳраварии энержӣ, тавлиди барқу гармо, иктишофот дар блокҳои сармоягузорӣ, петрошимӣ, бумисозии тавлидот, ислоҳоти ниҳодӣ, табодули таҷриба дар заминаи омӯзиши кормандон аст.



 

 

Барчасп