Август 19, 2023 09:55 Asia/Dushanbe
  • Азми Туркманистону Камбоҷа барои барқарории парвозҳои мустақим

Дар дидори сафири Туркманистон бо вазири гардишгарии Камбоҷа мавзӯи барқарории парвозҳои мустақими байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Муҳаммадниёз Мошоллоҳов,сафири Туркманистон дар Камбоҷа  бо Тонги Хон-вазири гардишгарии Камбоҷа дидор ва барқарории иртиботи мустақими ҳавоӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Туркманистон аввалин кишвари Осиё марказӣ хоҳад буд, ки аз Ашқобод ба Камбоҷа парвози мустақим барқарор мекунад .

Сафири Туркманистони зимни пешниҳоди созмондиҳии сафарҳои гардишгарии мутақобил ба ин кишвар ва Камбоҷа хотирнишон кард, ки дар ояндаи наздик ба манзури ошноӣ бо маконҳои торихӣ ва фарҳангӣ ба минтақаи туристии ин кишвар сафар мекунад.
Вазири гардишгарии Камбоҷа ба навбаи худ ба аҳамияти имзои ёддошттафоҳуми ҳамкории байни ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ ишора кард.
 

 

Барчасп