Чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба, меҳвари гуфтугуи мақомоти Қирғизистон ва Созмони тандурустии ҷаҳонӣ
(last modified Fri, 25 Aug 2023 11:34:02 GMT )
Август 25, 2023 16:34 Asia/Dushanbe
  • Чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба, меҳвари гуфтугуи мақомоти Қирғизистон ва Созмони тандурустии ҷаҳонӣ

Дар дидори вазири тандурустии Қирғизистон бо раиси нави дафтари кишварии Созмони тандурустии ҷаҳонӣ дар ин кишвар чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Гулнора Ботурова- вазири тандурустии Қирғизистон бо Лиоио Вдраско-раиси нави дафтари кишварии Созмони тандурустии ҷаҳонӣ дар ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор тарафҳо дар мавриди чашмандози ҳамкории байни вазорати тандурустии Қирғизистон ва ин созмон дар заминаи ислоҳу беҳбуди бахши беҳдошт дар кишвар баҳсу табодули назар карданд.
Лиоио Вдраско ҳамчунин иттилооте дар мавриди авлавиятҳову барномаҳои ин дафтар барои оянда ироа кард.
Вай дар мавриди тавсеаи як барномаи ҳамкории 7 сола байни вазорати беҳдошти ин кишвар ва дафтари минтақаии Созмони тандурустии ҷаҳонӣ  дар Аврупо, ки шомили болотарин авлавиятҳо ва мутобиқ бо барномаи миллии ҳифозат аз саломату дармону тавсеаи системаи муроқибатҳои беҳдоштӣ то соли 2030 хоҳад буд, баҳсу табодули назар кард .
Ботирова хотирнишон кард : Бо дарки аҳамияти ин ҳамкорӣ мо мутмаин ҳастем, ки мушорикати мо бо ин созмон нақши муҳимме дар тавсеаву навсозии системаи муроқибатҳои беҳдоштӣ дар Қирғизистон ва ҳамчунин дар ироаи муроқибатҳои пизишкии босифат ба шаҳрвандон хоҳад дошт.