Наҷоти баҳри Арал, меҳвари иҷлоси сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 05 Sep 2023 08:52:43 GMT )
Сентябр 05, 2023 13:52 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти баҳри Арал, меҳвари иҷлоси сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе

Наҷоти баҳри Арал, меҳвари иҷлоси ояндаи сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе хоҳад буд.

Баҳри Арал ба унвони яке аз бузургтарин кулҳои ҷаҳон то соли 2020 ҳудуди 60 миллион нафар ( беш аз 80 дарсади ҷамъияти Осиёи Марказӣ )-ро дар атрофи худ мутамарказ карда буд.
Аз даҳаи 1960 ба далели истифодаи беравия аз рӯдхонаҳои таъминкунандаи оби Арал барои обёрӣ, сатҳи оби он коҳиш ёфт.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, Содиқ Имомӣ-муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон эълом кард сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон,Қирғизистон,Туркманистон ва Узбекистон барои наҷоти Арал 14 сентябр дар шаҳри Душанбе гирдиҳам хоҳанд омад.
Дар ин иҷлос дар бораи фаъолиятҳои Сандӯқи байналмилалии наҷоти баҳри Арал ( IFAS ), ҳифозат аз муҳити зист дар ҳавзаи ин баҳр, вазъияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар мудирияти манобеи обу энержӣ баҳс хоҳад шуд .

Сандӯқи байналмилалии наҷоти баҳри Арал соли 1993 тавассути сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳаллу фасли буҳрони зистмуҳитии Арал ва беҳбуди вазъияти иҷтимоӣ - иқтисодӣ дар ҳавзаи ин баҳр таъсис шуд.
Дар иҷлоси оянда Тоҷикистони пас аз як давраи сесола раёсати ин сандӯқро ба Қазоқистон вогузор хоҳад кард.