Ҳамкории Қирғизистону Бонки ҷаҳонӣ дар заминаи энержӣ густариш меёбад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i107016-Ҳамкории_Қирғизистону_Бонки_ҷаҳонӣ_дар_заминаи_энержӣ_густариш_меёбад
Нахуствазири Қирғизистон бо раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дидор ва дар мавриди тавсеаи саноъати энержӣ ва пружаи диҷитали « КАСА-1000 » гуфтугу кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 07, 2023 17:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Қирғизистону Бонки ҷаҳонӣ дар заминаи энержӣ густариш меёбад

Нахуствазири Қирғизистон бо раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дидор ва дар мавриди тавсеаи саноъати энержӣ ва пружаи диҷитали « КАСА-1000 » гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Оқилбек Ҷабборов-нахуствазири Қирғизистон бо Навид Накои-раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар ин кишвар дар мавриди чорчӯби ҷадиди мушорикати Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2024 – 2028, қарордодҳои ин кишвар ва бонк, тавсеаи саноъати энержӣ ва пружа « КАСА - 1000 » баҳсу табодули назар карданд .
Ҷабборов хотирнишон кард, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики қобили эътимоди Қирғизистон аз назари таъмини молии басарфа, пуштибонии фаннӣ ва коршиносӣ ва ироаи ҳимояти қобили тавваҷуҳ аз ин кишвар дар тамоми заминаҳои аслии тавсеъа аст.